37 млн доллар даромад аз соҳаи туризм
Душанбе, 10. 07. 2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар нимсолаи аввали соли 2014 ба кишвар 92 ҳазору 830 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф овараданд, ки аз ин шумора 740 хазору 02 нафарашон ба ҳайси сайёҳ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби туристони хориҷии кишвар ба иқтисодиёти мамлакат 37 миллион доллари амрикоӣ маблағи нақд ворид гаштааст. Ин нуқтаи назарро зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ахтам Рустам зикр намуд.Кумита дар нимсолаи аввали соли равон баҳри татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳими иқтисодӣ корҳои муайанро ба сомон расонид. Бо пешниҳоди Кумита ҳамчун аъзои Шӯрои туризми ИДМ соли 2014, моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои -иштирокчии ИДМ кӯҳҳои Фони кишвар минтақаи ҷолиби диққати туристони байни ин давлатҳо эътироф гардид.Ҳамчунин ӯ авзуд, ки рӯйдоди муҳими давраи ҳисоботӣ, ин маслиҳати «Globe Spots» барои сафари саргузаштӣ ба Тоҷикистон мебошад. Сомонаи интернетии мазкур, ки туристони мустақилро муттаҳид мекунад, Тоҷикистонро дар сатҳи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ дар соли 2014 қарор додааст.Мавриди зикр аст, ки ба иттилои «Globe Spots» Тоҷикистон баъди кишвари Малта дуюмин кишварест, ки барои туристони саргузаштӣ хеле мусоид мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






