38 нафар аз озодӣ маҳрум шуд
Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 38 нафар аз озодӣ маҳрум шуд, гуфт Нусратулло Абдуллозода раиси Суди Олӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Нусратулло Абдуллозода аз фаъолияти ин ниҳод дар шашмоҳаи аввал натиҷагирӣ карда, илова намуд, ки дар ин муддат аз 30 парвандаи ҷиноятии баррасишуда, 27 парванда нисбат ба 45 нафар бо баровардани ҳукми айбдорӣ анҷом дода шудааст. Аз 45 маҳкумшудагон ба 38 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба 5 каси дигар ҷазои ҷарима, нисбат ба 1 нафар ҷазои корҳои ислоҳӣ таъин гардида ва ба 1 тани дигар ҷазои шартан татбиқ шудааст.Раиси Суди Олӣ Нусратулло Абдуллозода гуфт, ки боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи мо зан-модар ба ҷиноят хусусан ба хариду фуруши одам даст мезанад. Дар нимсолаи аввал чор парвандаи марбут ба хариду фӯруши одамон нисбат ба шаш нафар баррасӣ шудааст. Ҳамаи ин парвадаҳо нисбат ба занон баррасӣ ва ҳукми додгоҳ содир шудааст. Дар ин муддат 10 парванда нисбат ба 17 нафар барои терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ ва ҳукм содир шудааст. Вай гуфт, ки масъалаи нигаҳдории онҳо вобаста ба шахсият аст ва додгоҳ муқаррар мекунад, ки ин афрод дар кадом низом нигаҳдорӣ шаванд.Нусратулло Абдуллозода зикр намуд, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба ин ниҳод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19, 5 дар сад камтар шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






