4 –умин форум-лагери ҷавонон дар Москва
Душанбе, 23.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Аз 27 то 31 июли соли 2014 дар доираи ҳамкориҳои ИДМ 4 –умин форум – лагери байналмилалии ҷавонон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир мегардад. Дар ҷараёни лагер 70 нафар ҷавони фаъоли 17 кишвар: Абхазия, Озарбойҷон, Армения, Белоруссия, Грузия, Казоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Эстония, Осетияи ҷанубӣ иштирок менамоянд.Тибқи иттилои Парвина Нуриддинова узви Раёсат — намояндагии Ташкилоти байналмилалии ҷамъиятии ҷавонон «Содружество» — и ИДМ дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии «Ҷавонони раванди рушд» кишвари моро 4 нафар ҷавонони фаъол дар ин чорабинии бонуфуз намояндагӣ менамоянд.Ба гуфти мавсуф барномаи чорабинӣ дар доираи ҳамкории байналмилалии ҷавонон омода гардида, дар он муносибатҳои дустонаву судманд ва худтакмилдиҳии ҷавонони кишварҳои ширкаткунанда дар самти муносибатҳои сиёсиву фарҳангӣ миёни ҷавонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар давлатҳои Аврупо ба инобат гирифта шудааст. Дар ин миёна чорабиниҳои гуногуни маърифативу иттилоотӣ, фарҳангиву мубоҳисавӣ, ҳамчунин муаррифӣ ва намоишу пешниҳоди барномаҳои фарҳангии давлатҳои ширкаткунанда, аз ҷумла Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Иштирокчиён аз давлатҳо бо мусоидати Ташкилоти байналмилалии ҷамъиятии ҷавонон «Содружество»-и ИДМ рўзи 27 июли соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия боҳам омада, идомаи кори лагерро дар маркази фарҳангиву омўзишӣ ва сайёҳии «Этномир»-и вилояти Калугаи Федератсияи Русия мегузаронанд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи тадбиқи густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия махсусан робитаҳои дустона бо Ташкилоти байналмилалии ҷамъиятии ҷавонон «Содружество»-и ИДМ зиёда аз 300 нафар ҷавонони фаъоли Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо ширкат намудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






