42 мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷавонону наврасон
Душанбе, 18.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар моҳи июли соли равон 28 мулоқоту вохўриҳо ва 42 мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуд, ки дар чорабиниҳои мазкур 28 ҳазору 700 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуданд. Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров ҳамзамон ҷавонони хатлонӣ дар аксияҳои ҷамъоварии қоғазпораҳо фаъолона иштирок намуда, барои тозаву пироста намудани шаҳру ноҳияашон ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд.Гуфта мешавад, ки дар вилоят то охири моҳ баргузории боз якчанд чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ байни наврасону ҷавонон дар назар аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






