455 назорати техникӣ дар соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ

Июль 11, 2014 14:28

Душанбе. 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Нарзӣ).-Имрӯз фаъолияти Хадамотии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ таҳти рохбарии Сиҷоуддин Саломзода ҷаласаи нимсолаи якуми соли 2014 баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар Хадамот 1755 корхона ва 12654 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои бақайдгирифташуда аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон -34 назорати комплексӣ, 182-мақсаднок, 239-фаврӣ, ҷамъ-455 назорати техникӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин дар ҳисобот доир ба ваколатҳо бо тартиби муқараргардида ба корхонаву ташкилот ва иншоотҳои бақайдгирифташуда:-43 адад шаҳодатномаи харидани маводи тарканда; -19 адад шаҳодатномаи истифодаи анбори маводи тарканда;-4 адад рухсатнома барои гузаронидани корҳои таркишӣ;-47 –нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ ва 1-санаи қитъаи кӯҳкорӣ дода шудааст. С. Саломзода дар чамъбаст афзуд, ки дар оянда низ кормандони Хадамот бо мақсади пурзӯр намудани назорати техникӣ тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дода, талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро оиди бехатарии саноатӣ дар ҶТ таъмин менамоянд.

Июль 11, 2014 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд