571 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдаст

Июль 22, 2014 14:02

Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 5,3 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 26 фоиз зиёд гардидааст»,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов. Муҳлати миёнаи қарзҳо барои шахсони воқеӣ 418 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 366 рӯз мебошад. Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 3 миллиард сомониро ташкил намуд. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 571 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,4 фоиз зиёд аст, гуфта шуд зимни нишасти хабарӣ.

Июль 22, 2014 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд