746 нафар маҳбус гирифтори бемории силу ВНМБ мебошад
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 746 нафар гирифтори бемории силу ВНМБ мебошанд, гуфт Нусратулло Файзулло вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО. Вазири тандурустӣ афзуд, ки ин маҳбусон дар назорати духтурон қарор доранд, аммо будани беморони сил дар зиндонҳо боиси сироятёбии дигар зиндониҳо мешавад. Ӯ илова намуд, ки соли 2013 Беморхонаи марказии зиддисилӣ барои 100 нафар мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои гирифтани табобат тамоми шароити ташхисӣ фароҳам аст. Хабарнигорон дар бораи ба ҳалокат расидани маҳбуси гирифтори бемории сил дар зиндони шаҳри Қурғонтеппа ба Н. Файзулло суолҳо пешниҳод намуданд. Вазир аз ин қазия изҳори нигаронӣ карда, гуфт ки тамоми сохтори тиббӣ дар Вазорати адлия ҳаст ва мо бо онҳо ҳамкории зич дорем. Ин маҳбас бояд дар марказҳои махсуси табобати сил ба муолиҷа фаро гирифта мешуд. Аммо бо сабабҳои номаълум бо гуноҳи табиб ё нафарони масъул ӯро ба ҷои лозима равон накарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






