Аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар асоси супоришҳои Президенти мамлакат, бо мақсади ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб оид ба беҳтар намудани шароити таъмини оби нӯшокии аҳолии деҳаи «Қаҳрамон»-и ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ва деҳаи «Туғул»-и ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Лоиҳаи сохтмони иншоотҳои обтаъминкунӣ омода гардида, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағгузории Ҳукумати Ҷопон оғоз карда мешаванд.Инчунин дар соли 2015 сохтмони 4 адад чоҳи амудӣ дар деҳаҳои «Чубек», «Ҳаёти нав», «Меҳрвар»-и ҷамоати деҳоти «Чубек» ва «Зафаробод»-и ҷамоати деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таҳияи лоиҳа-харҷнома ба ҶСК «Тоҷиккоммунпроект» дархост намуда, шартнома ба имзо расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






