Афзалшо Шодиев директор шуд

Июль 31, 2014 11:43

Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо фармони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Афзалшо Султонович директори муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» таъин гардид.Шодиев Афзалшо Султонович 2 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1983 Институти давлатии санъати РСС Тоҷикистонро бо ихтисоси мусиқӣ ва суруд хатм кардааст.А. Шодиев солҳои 1983-1984 солист-вокалисти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, солҳои 1984-1985 муаллими суруди мактаби миёнаи №114-и ноҳияи Рӯдакӣ, аз соли 1985 то соли 2000 солист — вокалисти дараҷаҳои 1 ва олии ансамбли «Тарона ва рақс»-и муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев», солҳои 2000-2013 роҳбари Ансамбли «Тарона ва рақс»-и Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев» ва аз моҳи июни соли 2013 то июли соли 2014 роҳбари бадеии муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев» кор ва фаъолият намудааст. Афзалшо Шодиев бо мукофотҳои давлатӣ унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Июль 31, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд