Афзоиши бунёди ҷагалзорҳо
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоту муассисаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1 ҳ.63 гектар бунёд намуда, 529 гектар ҷангалзорҳои кӯҳна барқарор шуд, ки ин нишондод иҷрои нақшаро муттаносибан 112 ва 51 фоиз таъмин намуд», — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ Азизулло Исматов. А. Исматов ҳамчунин зикр намуд, ки дар хоҷагиҳои вилояти Суғд нақшаи бунёди ҷангал 118 фоиз, вилояти Хатлон 101 ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ 134 фоизро ташкил медиҳад. «Масъалаи барқароркунии ҷангалзорҳо дар вилояти Хатлон 269 гектар, ВМКБ 155 гектар, НТМ 88 га, вилояти Суғд бошад, 20 гектар иҷро намуданд. Бояд зикр намуд, ки вилоятҳо ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ин масъаларо тирамоҳи соли ҷорӣ бояд идома диҳанд», -афзуд роҳбари агентӣ. Аз рӯйи суханҳои А.Исматов бармеояд, ки даромаднокӣ аз ҳисоби ҷангал дар ҷумҳурӣ маблағи 1 ҳ. 244 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






