Афзоиши истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 23.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Далват).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола — ду баробар зиёд намудани истихроҷи ангишт ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, барои таъмини Маркази барқу-гармидиҳӣ бо ангишт зимни вохўриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, бо роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳибкорони ватанӣ дастурҳои мушаххас дода истодааст. Бино ба иттилои котиботи Вазорати мазкур, то имрўз корхонаҳои соҳаи ангишт истихроҷи ангиштро ба миқдори зиёда аз 300 ҳазор тонна расониданд, ки ин нисбати нақша 2 баробар ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 130 ҳазор тонна зиёд мебошад. Истихроҷи ангишт 300 ҳазор тонна, нисбати ҳамин давраи соли 2013 — 130 ҳазор тонна зиёд мебошад.Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки айни замон, дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурўш, зиёда аз 75 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад. Инчунин, айни замон истихроҷи шабонарўзии ангишт ба 3500-4500 тонна расонида шудааст, ки муштариён метавонанд, аз ин нуқтаҳо ва анборҳо харидории ангиштро ба роҳ монанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






