Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар
Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, хусусан аз Русия афзоиш ёфтааст» гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Неъмат Раҳматов -муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар ин давра ба кишвар 140 ҳазору 225 тонна бештар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Афзоиши чашмраси воридоти маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон намояндаи масъули Хадамоти гумруки кишвар дар барҳам додани боҷи гумрукӣ нисбати содироти бензин ба Тоҷикистон, ки дар асоси Созишномаи ба тасвибрасидаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ҷараён мегирад, арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки дар асоси Созишномаи мазкур принсипҳои ҳуқуқии интиқоли маводи сӯхт муайян шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






