АИ: Корҳои илмӣ ба «Антиплагиат» васл шуд
Душанбе, 10.07.2014.(АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Имрӯз зимни нишасти хабарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ Президенти ин ниҳод гуфт,ки ҳимояи рисолаиҳои номзадӣ ва доктории олимону унвонҷӯёни Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ташхис ва баҳогузорӣ карда мешавад. Ба гуфтаи Раҳимӣ тамоми корҳои илмӣ ва рисолаҳои илмӣ ба воситаи барномаи махсуси «Антиплагиат»,ки ба комиссияи мазкур васл шудааст гузаронида мешаванд,то асардуздӣ будани корҳои илмиро муайян кунад. Номбурда зикр намуд,ки ишора накардани довталаб ба кори илмие,ки ӯ дар рисолаи худ истифода бурдааст,ҳамчун плагиат ва ё асардуздӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт,ки то ҳол аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ягон мактубе нагирифтааст,ки дар он асардузд будани олимони тоҷик зикр гардида бошад.Ҷаноби Раҳимӣ иттилоъ дод,ки барои пешгирӣ намудани плагиат минбаъд барномаи «Антиплагиат» дар Тоҷикистон, бахусус дар маҷаллаҳои илмии Академияи илмҳо низ васл шуда,ҳар як мақолае,ки дар ин маҷаллаҳо нашр мешаванд аз ин барнома мегузаранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






