Академияи ВАО кай ба фаъолият шурӯъ мекунад?
Душанбе, 11.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«То охири соли равон дар Тоҷикистон фаъолияти Академияи васоити ахбори оммаи /ВАО/ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад». Ин матлабро 11 июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раҳмон Асадулло-раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки алҳол тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси Академияи ВАО дар ҳудуди бинои киностудияи «Тоҷикфилм» биноеро таъмиру таҷдид карда истодаем, ки то охири соли ҷорӣ дар он фаъолияти Академияи ВАО шуруъ мегардад. Ба қавли Раҳмон Асадулло ба фаъолият шуруъ намудани Академияи ВАО қадами ҷиддиест дар роҳи тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони ҳирфаӣ дар бахши ВАО-и кишвар.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






