Амалиёти 24-соата дар Афғонистон

Июль 16, 2014 15:36

Душанбе, 16.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади аз байн бурдани гурўҳҳои силоҳбадастон амалиёти густурда аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ дар вилоятҳои Қандаҳор, Форёб ва Ҳилманд идома дорад. Гуфта мешавад, ки дар муддати 24-соат 15-нафар силоҳбадастон маҳв карда шуданд. Дар ҷараёни амалиёт 3-нафар низомии артиши миллӣ низ ба ҳалокат расиданд.
 
Киштии ғарқшуда дар Малайзия
 
Душанбе, 16.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои оҷонсии «Страитс таймс»ҳафтаи равон дар обҳои минтақаи Пиайи Малайзия киштии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба фалокат дучор омад.Дар ҷои ҳодиса 2-нафар ҳалок гардида ва даҳҳо каси дигар маҷруҳ шуданд.Гуфта мешавад, ки ҳангоми ин ҳодиса дар дохили киштӣ 80-нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доштанд. Ҳамзамон 19-нафари дигар дар рўйхати шахсони бедаракгашта қарор доранд. Дар ҷои ҳодиса кормандони наздисоҳилӣ ва ғаввосон фаъолият доранд.
 
Хадамоти ИМА
 
Душанбе, 16.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз хадамоти ИМА 40 нафар муҳоҷири ноболиғро, ки ғайриқонунӣ вориди ин мамлакат шудаанд, аз ҳудуди Амрико тавассути ҳавопаймо ба Гондурас таҳвил дод.Гуфта мешавад, ки аз оғози соли ҷорӣ қариб 82 – ҳазор нафар муҳоҷири ғайриқонунӣ аз ИМА иҷборан хориҷ карда шудаанд.
 
Садамаи метро дар Русия
 
Душанбе, 16.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар истгоҳи метрои «Славянск булвар»-и шаҳри Москави Федератсияи Русия садама ба амал омад. Дар натиҷа 16-нафар ба ҳалокат расида, 150-тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, бистарии беморхона гардидаанд.Гуфта мешавад, ки қисми зиёди мусофирон дар дохили яке аз вагонҳо дармондаанд. Тибқи иттилои раёсати тандурустии шаҳри Москав шумораи зарардидагон ва ба ҳалокат расидагон лаҳза ба лаҳза меафзояд.Кормандони ин соҳа вазъи саломатии 50-тан аз зарардидагонро низ хеле вазнин меҳисобанд.Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади берун овардани мусофирон аз таҷҳизоти гидравликӣ истифода бурдаанд. Артиши нави халқии ФилиппинДушанбе, 16.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар Филиппин дар шаҳри Просперидади музофоти Агусан дел Сур аъзои гурўҳи ҷудоихоҳи «Артиши нави халқии Филиппин» 16-сокини осоиштаро ба ҳалокат расонданд. Соли ҷорӣ аъзои гурўҳи «Артиши нави халқии Филиппин» 2-мири шаҳрро ба ҳалокат расонда, буданд. Ҳукуматдорони кишвар шумораи аъзои гурўҳи ҷудоихоҳонро ба 4-ҳазор нафар нисбат медиҳад. Тӯфони «Раммасун» дар ФилиппинДар Филиппин 373 ҳазор нафар аз хавфи тӯфони шадиди уқёнуси Ором «Раммасун», ба ҷои амнтар кӯчонида шуданд. Вале бо вуҷуди ин ҳам бар асари ин тӯфон як нафар куштаву ду нафари дигар захмӣ шудаанд.Боди шадиди тӯфон , ки суръати он 185 км дар 1 соатро ташкил медод, дарахтон ва ноқилҳои барқиро сарозер намуда, дар 9 вилояту минтақаҳои ин кишвар таъминоти барқ қатъ карда шудааст. Дар майдонҳои ҳавоӣ бошад, 65 рейсҳои авиатсионӣ бозмонда шуданд.Дар пойтахти Филиппин бар асари тӯфони «Раммасун» имрӯз муассисаҳои таълимӣ, коргоҳҳо ва биржаҳои бунёдӣ баста шудаанд. Тибқи назари ҳавошиносон тӯфони «Раммасун» минбаъд аз ин минтақа ба самти ҷазираи Хайнани Чин равона хоҳад шуд.
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Июль 16, 2014 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд