Амалиёти бомуваффақияти иваз намудани гурда
Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар соли ҷорӣ ба 71 нафар кӯдаки гирифтори бемории нуқсони модарзодии коми боло, 113 нафар кӯдаки гирифтори бемории нуқсони модарзодии коми сахт ва мулоим ва ба 13 нафар кӯдаки гирифтори бемории ҷоғу рӯй ба таври ройгон амалиёти ҷарроҳии бомуваффақият гузаронида шуд, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар нимсолаи аввал дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тибби хусусии “Ибни Сино” 786 амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо, 470 ангиография, 147 ангиопластика ва стентгузорӣ ва 58 амалиёти ҷарроҳии нуқси модарзодии дил гузаронида шудааст. Ҷарроҳии иваз намудани рон ва буғуми сунъӣ ба 74 нафар анҷом дода шуд.Ҳамагӣ аз соли 2010 то имрӯз ба 92 нафар беморон амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шуд, ки 6 нафари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд. Инчунин ба 3 нафар кӯдак низ амалиёти иваз намудани гурда гузаронида шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






