Андешаҳои Хоҷа Осиф Муҳаммад баъди мулоқот бо Э. Раҳмон
Душанбе, 22.07.2014.(АМИТ «Ховар»).- Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад баъди мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин иброз намуд: «Бароям шарафи бузург аст, ки имрӯз бо муҳтарам ҷаноби Президент мулоқоти хеле судманд доштам. Зимни мулоқот мо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои соҳаи энергетикии байни ду кишвари дӯст ва бародарро мавриди муҳокима қарор додем. Мо зимни суҳбати хеле судманд мавзӯи марбут ба ҳамкории моро дар ҳошияи лоиҳаи CASA-1000 ва инчунин дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои энергетикии ҳарду кишварро дар матнои муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор додем. Мо ҳамзамон Комиссияи муштараки ҳарду кишварро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои энергетикии байни Тоҷикистону Покистонро таъсис додем, ки яке аз вазифаҳои ин Комиссияи муштарак пеш аз ҳама баррасӣ ва дарёфти имконоти мухталифи ҳамкориҳои мо ва афзун гардонидани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли нерӯи барқ ба Покистон мебошад.Мо ба ҳарду ҷониб ба мувофиқа расидем, ки то дар тӯли 2 моҳи оянда марбут ба масъалаҳои хеле муҳими мавриди эҳтимоми тарафайн ҳамкории хеле зич дошта бошем. Доираи васеи масъалаҳои ҳамкории энергетикиро амиқан баррасӣ намоем, то ки зимни иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе то ҳарду сарони давлатҳои ҳарду кишвар тавонанд ба онҳо нуқтаи ниҳоӣ гузоранд. Дар ниҳояти кор таҳкиму густариши ҳамкориҳои мо дар самти энергетика ба нафъи кишвари бародари Тоҷикистон хоҳад буд, зеро он барои тавсияи иқтидори он на танҳо дар соҳаи энергетика ва интиқоли нерӯи барқ инчунин таҳкими иқтидори ҶТ барои рушди тиҷорати минтақавӣ ва афзун гардонидани иқтидори он барои транзит ва тиҷорати умумӣ хоҳад буд. Ба назари мо инаст, ки мо ба марҳилае ворид шудем, ки нуқтаи татбиқи амалии лоиҳаи CASA-1000 аллакай ба воқеият табдил гаштааст ва мо интизорем то ки нимаи моҳи августи соли равон Протокол дар бораи нархгузорӣ ва ё тарифи нерӯи барқ, ки аз тариқи хати интиқоли барқи CASA-1000 мегузарад, аз байни ҷонибҳои алоқаманди ин кишварҳо ба имзо расад ва интизор меравад то ин татбиқи амалии ин пружа дар муҳлатҳои наздик ба вуқӯъ пайвандад. Ташаккури зиёд».








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






