Андешаҳои С. Лавров баъди мулоқот бо Э. Раҳмон
Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт. Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров оид ба натиҷаи мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуд: «Бо ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманде доштем. Дар рафти ин вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз қабили ҳамкории Тоҷикистону Русия ва шарикии стратегии ин ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла ба амалишавии он супоришҳое аҳамият додем, ки дар охирин вохӯриҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ба ҳукуматҳо дода шуда буд-дар соли 2012 дар Душанбе, дар моҳи август дар Маскав ва дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар Сочӣ. Супоришҳои додашуда бомуваффақият иҷро шуда истодаанд. Президенти Тоҷикистон ба кори Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баҳои баланд дод. Барои боз ҳам пурратар амалишавии ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ кӯшишу талоши зиёди ду кишвар лозим аст. Имрӯз мо тадбирҳои асосиро мувофиқа кардем, аз ҷумла ташкили вохӯрии ниҳодҳои марбута дар роҳи амалишавии созишномаҳо ва гузаронидани ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ то охири соли ҷорӣ, ҳамчунин иқдомҳои иловагӣ дар соҳаи муҳоҷират, ки тавонад фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар ҳудуди Русия сода гардонад ва онҳо аз тамоми ҳуқуқҳои худ бархӯрдор бошанд. Мо ба масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷиҳати омодагӣ ба саммити роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки дар моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудем. Таъкид шуд, ки вазъи Афғонистон ва мушкилоти он аз масъалаҳои муҳими гуфтугӯи сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар ин саммит хоҳад буд. Дар ин робита мо изҳор доштем, ки СҲШ бояд дар танзими вазъи Афғонистон аз созмонҳои ташаббускор ва таъсиргузор бошад, Афғонистон дар доираи ин созмон ҳамчун аъзо ва ё ҳамчун нозир ширкат дошта бошад ва дигар ҳамсояҳои Афғонистон низ ҳамчунин. Албатта СҲШ хоҳони бо роҳи дипломатӣ ва сиёсӣ ҳал шудани бӯҳрони Афғонистон аст. Дар маҷмӯъ мо ҳам дар вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон ва ҳам дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо розигии ҷаноби Президент самти фаъолияти худро низ дар доираи СААД, СҲШ, ИДМ, СММ САҲА ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ тасдиқ намудем. Инчунин қарори СААД дар хусуси кумак ба сарҳадбонони Тоҷикистон дар ҳифзи марз бо Афғонистон низ, ки дар доираи он Русия ҳамчун кишвари узв метавонад кумаки худро ба Тоҷикистон расонад, низ тасдиқ шуд ва бо розигии сарони кишварҳои аъзои он бояд дар наздиктарин фурсат амалӣ шавад».