АНМН- кафили амнияти Тоҷикистону минтақа
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Намояндагони коллеҷи сарҳадии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) барои ҳайати роҳбарикунанда таҳти роҳбарии директор Хенрик Рачковски ба Маркази таълимии шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ташриф оварданд.Ҳайати меҳмонон бо сохтори марказҳои кинологӣ ва таълимӣ, банақшагирӣ ва ташкили фаъолият, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷанбаҳои истифодаи сагҳои хизматӣ дар ошкор намудани маводи нашъаовар, инчунин бо фаъолияти Маркази таълимӣ, ки дар он на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, балки аз мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ихтисоси худро такмил медиҳанд, шинос шуданд.”Мо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла саҳми агентиро баланд арзёбӣ менамоем. Саҳми шумо дар қатъ намудани интиқоли маводи нашъаовар кафили амният на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа мебошад”, иброз кард Хенрик Рачковски.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






