Авбошӣ дар бозори “Корвон”
Душанбе, 08.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Охиров Саидҷон Давлатшоевич соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки дирӯз дар ошёнаи 2-юми бозори “Корвон”-и пойтахт шаҳрвандон, Раҳматуллоев Меҳроҷ Муродалиевич соли таваллудаш 1993 ва Олиев Одил Маҳмадшарифович соли таваллудаш 1987, сокинони кӯчаи Бинокорони пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ӯро ва рафиқаш Қурбонов Далер Саидович соли таваллудаш 1994, сокини кӯчаи Фединаро лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда ба қисмати рони пояшон зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






