Аёдати ниёзмандон аз ҷониби кормандони шӯъбаи кор бо занон
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Кормандони Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар арафаи Иди Саиди Фитр аз зисту зиндагии 14 оилаи камбизоат, ятимону барҷомондагон, маъюбон, пиронсолон ва собиқадорони меҳнат бохабар гашта, онҳоро бо маводҳои озуқа, шириниҳо ва тӯҳфаҳои идона аёдат намуданд.Ҳамзамон, мудири шӯъба М. Дадобоева аз зисту зиндагӣ ва машғулияти як нафар духтараки имконияташ маҳдуд аз Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — Мутриба Саидаҳмедова дидан намуд. Мутрибаи 26 сола бо амри тақдир дар синни 1 солагӣ аз ду пой ва дастон маҳрум гаштааст. Бо вуҷуди ин Мутриба ба зиндагӣ дилгармии зиёде дорад. Ӯ ба имконияти маҳдуди худ нигоҳ накарда, бо истифодаи ду панҷааш ба ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла ҷиҳакдӯзӣ, тоқидӯзӣ, кашидадӯзӣ, гулдӯзии компютерӣ машғул аст. Ҳамчунин ӯ рассоми хуб мебошад. Ормони Мутриба дар оянда соҳиби мошинаи чокдӯзии компютерӣ шудан ва ҳунари хешро боз сайқал дода, дӯзандаи машҳур гаштан аст. Барои расидан ба мақсад Мутриба ба курсҳои ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони имконияташон маҳдуд, ки дар назди шӯъбаи кор бо занон ва оила таъсис дода шудааст, даъват карда шуд ва ба ӯ ройгон ҳунари дилхоҳаш омӯзонида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






