Ба ҷавобгарӣ кашидани волидайни ноболиғ
Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Opel-Astra”, сокини 25-солаи ноҳияи Рудакӣ Усмонҷон Саидов, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти Гулистон ба самти ҷамоати Россияи ноҳияи Рудакӣ, аз ӯхдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи номаълум бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Opel-Astra” У. Саидов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ронандаи автомашина, иштирокчии дигари ин садамаи нақлиётӣ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Барои муайян ва дастгир намудани иштирокчии дигари садамаи нақлиётӣ аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, муайян шуд, ки дар сари чамбараки автомашинаи тамғаи “Opel-Astra”, М.А ноболиғ, соли таваллудаш 1998, хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Рудакӣ нишаста будааст. Ноболиғ автомашинаи мазкурро, ки ба бародараш тааллуқ дорад, бе таҷрибаи ронандагӣ, худсарона гирифта, ба роҳ баромада, ба садамаи нақлиётӣ дучор гардидааст.Нисбат ба ҳодисаи мазкур, санҷиш гузаронида шуда, волидайни ноболиғ барои назорати суст ва вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Сарчашма хабар медиҳад, ки ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи “Opel-Astra” рақами давлатиаш АН 63-53 РТ 02 сокини 56-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Ҳаитмурод Худойназаров ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе — Панҷи-поён, дар ҳудуди деҳаи Янгитурмуши ноҳияи Ҷ. Румӣ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Фирӯза Ҷумаева соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа духтарчаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






