Ба ММТ 52 ҳазору 400 нафар ҳуҷҷат супоридаанд
Душанбе, 7.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имсол нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои олии мамлакат атрофи 41 ҳазор нафар аст. Аз ин шумора 37 ҳазору 621 нафарашро Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурӣ қабул мекунад, гуфт зимни нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон Нуриддин Саид вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ.Нуриддин Саид ҳамчунин қайд намуд, ки аз ин миқдор 37 ҳазору 480 нафарро Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ қабул мекунад. То имрӯз 52 ҳазору 400 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд ва ин теъдод аз имтиҳони якум гузаронида шудааст, ки ҷобаҷогузории донишҷӯён нисбати холҳои гирифтаашон ба Донишгоҳу донишкадаҳо шурӯъ мешавад.Ҳамчунин қайд гардид, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия , филиали Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, мактаби олии сарҳадбонон, мактаби олии Вазорати корҳои дохилӣ ба таври анъанавӣ имтиҳон месупоранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






