Ба ярмарка шитобед! Нархҳо нисбатан дастрас
Душанбе,23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи шаҳрвандон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон рӯзҳои 25 ,26, ва 27 июл дар 24 маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва дар маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ярмарка- фурӯши маҳсулоти хӯроквориро аз соати 5 то 8-и субҳ ташкил менамояд. Инчунин аз соати 18 то 21 1 литр шир 3 сомонӣ, шакар 4 сомонӣ, тухм барои 10 дона 6 сомонӣ, гӯшти гов 35 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешаванд. Ҳамзамон дар ин рӯзҳо соати 8:00 то 17:30 аз ҷониби «Комбинати шири Душанбе» дар даромадгоҳи бозорҳои шаҳр шир бо нархи се сомонӣ, инчунин аз сӯи соҳибкорон 1 кг гӯшти гов 35 сомонӣ, гӯсфанд 36 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ва шакар 4 сомонӣ пешкаши харидорон гардонида мешаванд. Тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе дар тамоми бозорҳои пойтахт нархи 1 кг орди навъи якум то 2,7 сомонӣ, як халта орди 50 кг то 135 сомонӣ, нон (200 г) 1 сомонӣ, хлеб (400 г) 2 сомонӣ, 1 литр шир 3 сомонӣ, 1кг макарон 4,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи маҳаллӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4 — 4,5 сомонӣ, картошка то 1,7 сомонӣ, пиёз то 1,5 сомонӣ, сабзӣ то 2,5 сомонӣ, карам то 1,6 сомонӣ, гӯшти гов то 35 гӯшти гӯсфанд то 36 сомонӣ, помидор то 2 сомонӣ, бодиринг то 2,5 сомонӣ, 1 литр равғани пахта то 7 сомонӣ, 10 дона тухм то 6,5 сомонӣ, шакар 4 сомонӣ ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






