Баимзорасии созишномаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Хитой
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Маросими баимзорасии созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмўии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ» 24 июл дар Душанбе баргузор гардид. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ иттилоъ доданд, созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва аз номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати саноатӣ кӯҳкории Тоҷикистону Хитой» Президенти ин ширкат ҷаноби Хуна Сзянь Жунг ба имзо расониданд. Бо оғози татбиқи лоиҳаи мазкур ва бо мақсади рушди соҳаҳои истихроҷи маъдан ва металлургии иқтисоди кишвар, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ширкат ният дорад, ки истихроҷи маъданҳои полиметалӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии корхонаи истихроҷ ва коркарди маҷмўии маъданҳои полиметалӣ дар кони «Зарнисори Шимолӣ» — и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро бо иқтидори 2 млн. тонна маъдан дар як сол, сохтмони корхонаи металлургии аз лиҳози экологӣ безарар бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор тонна сурб дар як сол, лоиҳакашӣ ва сохтмони дигар инфрасохтори зарури иҷтимоиро амалӣ намояд. Ҳамчунин Ширкати саноатии кӯҳкории Тоҷикистону Хитой тасмим гирифтааст, ки, аҳолии маҳаллиро бо кор таъмин намуда, ҷиҳати гирифтани тахассус барои онҳо машғулиятҳои бозомӯзӣ ташкил намояд. Мутобиқи созишномаи мазкур сармоягузор тамоми уҳдадориҳоро доир ба маблағгузории Лоиҳа дар давоми муҳлат ва мақсадҳои дар созишномаи мазкур муайянгардидаро ба зимаи худ мегирад. Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои худии сармоягузор амалӣ гашта, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 200 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, татбиқи лоиҳа то соли 2018 идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






