Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои фурудгоҳӣ
Душанбе, 25.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар зарфи нимсолаи соли 2014 ба зиёда аз 360 ҳазор нафар мусофири рафта ва наздики 290 ҳазор мусофири ба Тоҷикистон омада, хизмат расонидааст» гуфт имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ Рустам Холиқов -директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе». Ҳамзамон дар ин давра дар мавриди наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷи мусофирон наздик ба 900 эрод ба масъулини фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ворид шудааст, ки тамоми ин эродҳои мусофирон пурра баррасӣ ва қонеъ гардонида шудаанд, афзуд Рустам Холиқов. Зикр гардид, ки раҳбарияту масъулин ва кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои фурудгоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки дар Паёми солонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар-Маҷлиси Олӣ дар назди кормандони бахши ҳавонавардии ватанӣ гузошта буд, ба роҳ мондааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






