Баланд гардидани нархи картошка ба чӣ рабт дошт?
Душанбе, 18.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Иллати баланд гардидани нархи картошкаро дар бозорҳои мамлакат Сироҷиддин Валиев -раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ ба авзои сиёсии Афғонистон вобаста ба баргузории интихоботи президентии ин кишвар рабт дод. Мавсуф афзуд, ки нархи картошкаро дар бозорҳои кишвар воридоти картошка аз Покистон, ки тавассути қаламрави Афғонистон сурат мегирад, нигоҳ медошт. Сироҷиддин Валиев гуфт, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат 10 000 тонна картошка захира карда мешавад. Дар робита бобати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тамоми амборҳои тобеи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» омода карда шудааст. Инчунин шартномаи тарафайн бо хоҷагиҳои картошкапарварии вилояти Суғд ва гурӯҳи навоҳии водии Рашт баста шудааст, ки шурӯъ аз моҳи сентябр захираи картошка, ки яке аз маҳсулоти асосии ғизоии аҳолии кишвар маҳсуб меёбад, оғоз мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






