Барқияи шодбошии Э. Раҳмон унвонии А. Лукашенко
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:»Муҳтарам Александр Григоревич!Ман аз он сарфарозам, ки ба ифтихори солгарди ҷашни миллии Беларус аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти гарму самимӣ мефиристам. Мо ба сатҳи ҳамкориҳои кишварҳоямон, ки тӯли солҳои охир марҳилаи сифатан навро дар тавсеаю таҳким ва дар асоси принсипҳои якдигарфаҳмию эътимод рушд мекунад, баҳои баланд медиҳем. Умед дорам, ки қарорҳои қабулнамудаи мо зимни сафари расмиям, ки чанде қабл ба кишвари зебои Шумо сурат гирифт, такони наверо дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон ба бор меорад.Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ин қарордодҳо ба хотири таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносиботи дуҷониба аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.Сидқан ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич тандурустии комил, хушбахтӣ, комёбӣ баҳри амалӣ намудани мақсадҳоятон дар шукуфоии Ҷумҳурии Беларус ва барои халқи бародари Беларус дастоварду пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






