Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия
Душанбе, 14.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Табрику таҳнияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни миллии Ҷумҳурии Франсия – солгарди ба даст овардани Бастилия қабул фармоед.Боиси қаноатмандист, ки таи солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Франсия бар асари саъю эҳтимом ва кӯшишҳои ҳар ду ҷониб сатҳи баланд ва сифатан навро касб намуданд.Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.Бо ибрози орзуҳои беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Франсия хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






