Барқияи табрикӣ ба Президенти ИМА Барак Ҳусейн Обама
Душанбе, 04.07.2014 (АМИТ “Ховар”).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Сарфарозам Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва тамоми мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолият сидқан табрик ва таҳният гўям.Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Амрико яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин рў, мо ба рушди муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида таваҷҷўҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумўъи ҳар чӣ бештари онҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем. Итминон дорем, ки тавассути кўшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва, хусусан, тиҷоративу иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд.Нақши Амрико дар масоили ривоҷи муносибатҳои созанда дар минтақаи мо низ назаррас аст. Аз ин рў умедворем, ки кишвари Шумо, бо назардошти хуруҷи нерўҳои эътилофӣ аз Афѓонистон, минбаъд низ, ба масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир хоҳад кард. Дар ин рўзи саид ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рўзафзун ва ба мардуми дўсти Амрико хушрўзӣ ва саодат орзумандам».Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president. tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






