Баргузории Ҷашнвораи «Баҳори донишҷӯёни кишварҳои СҲШ»

Июль 4, 2014 09:26

Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тавре пештар иттилоъ дода будем, бо ибтикори созмони ҷамъиятии умумироссиягии ”Иттиҳоди ҷавонони Русия” ва ҳукумати сарзамини Забайкал аз 2-юм то 7-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Читаи Забайкали Федератсияи Русия Фестивали (чашнвораи) “Баҳори донишҷӯёни кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай” бо дастгирии ҳукумати Федератсияи Русия ва намояндаи Президенти Федератсияи Русия дар минтақаи федералии Сибир доир мегардад.Маросими кушодашавии Фестивали мазкур 2-юми июл сурат гирифт. Дар ин маросим, намояндагони ҷавонони 14 кишварҳои аъзо ва шарикони ҳамкории «Созмони ҳамкории Шанхай», аз он ҷумла Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Монголия, Беларусия, Туркия, Шри-Ланка иштирок намуданд.Дар маросими кушодашавӣ намояндаи Президенти Федератсияи Русия дар минтақаи Сибир Рогожкина Н.И. аз номи Президенти Федератсияи Русия В. Путин иштирокчиёни чорабиниро шодбош гуфта, ҳадафи баргузории ҷашнвораро таҳкиму тақвияти дўстиву якдигарфаҳмии ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ маънидод кард. Раҳбари ҳайати Тоҷикистон мудири Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маҳмуд Амиров зимни суханронӣ баргузории ингуна ҳамоишҳоро бамаврид арзёбӣ карда аз ташкилкунандагони чорабинӣ барои пазироии самимӣ ва сатҳи олии ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 46 нафар ҷавонони касбу кори гуногун намояндагӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки дар расми кушодашавии фестивал 3500 нафар ҷавонон иштирок доштанд ва беш аз 12000 тамошобин онро дар майдон истиқбол намуданд.Рӯзи 3-юми июл дар Кохи фарҳангии «Роҳи оҳани шаҳри Чита» бошад, бахши эҷодӣ баргузор гардид. Дар ин бахш ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии исломии Эрон, кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баромад намуданд.Ҷавонони Тоҷикистон дар ин бахш фаъолона иштирок намуда бо суруду мусиқиҳои дилошӯб аҳли толорро ба ваҷд оварданд. Махсусан сурудҳои Меҳринигори Рустам, Машрабова Фотима, Султон Амиров ва рақсҳои дилошӯби Фотима ва Зуҳро Худойбердиеваҳо хотирмону ҷолиб буд.Инчунин дар маҳфили ҷавонони сиёсатмадор ҷавонони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Дар мавзуи татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Раҳимов маъруза намуда аз рангорангии ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон ба иштирокчиёни ин чорабинӣ мужда расонид.Ёдовар мешавем, ки бахшҳои дигари ҷашнвора дар шаҳри Чита то 7-уми июл идома хоҳанд кард.

Июль 4, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд