Баргузории ҷаласаи Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия
Душанбе, 08.07.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, раиси Шўрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи чоруми Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия баргузор шуд.Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия, нақшаи кории Шўрои миллии муқовимат ба корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015 ва низомномаи намунавии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардид.Аз рўи масъалаҳои рўзномаи корӣ ҳисоботи роҳбарият ва аъзои Шўро ва гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат шунида шуд.Тадбирҳои роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо корупсия ва ҳимояи ҳисоботи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохўрии навбатии Шабакаи зиддикоррупсионии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Париж доир шуд, мусбат арзёбӣ гардид.Бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти аъзои Шўро қарор дода шуд, ки Нақшаи кории Шўрои миллии муқовимат бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015 ва низомномаи намунавии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ баъд аз такмил қабул карда шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






