Баррасии ҳамкориҳои саноатии Тоҷикистону Ҳиндустон

Июль 7, 2014 14:16

Душанбе, 07.07.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо сардори Раёсати саноати вазнини Вазорати саноати вазнин ва соҳибкории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Вишваҷит Саҳай ва ҳайати Ширкати давлатии саноати вазнини Ҳиндустон мулоқот намуд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба оид ба лоиҳаҳои марказҳои хизматрасонии роҳҳои оҳан, коркарди ангишт ва таҷҳизоти куҳӣ барои саноати ангишт, бунёди корхонаи истеҳсоли семент мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба паҳлуҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни саноат мавриди омўзиши тарафҳо қарор хоҳад гирифт.

Июль 7, 2014 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд