Баррасии ҳуқуқҳои кӯдак дар сатҳи маҳал
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — “Банақшагирии рушди маҳаллӣ ва ҳуқуқҳои кӯдак: Таҷрибаи ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъда”, таҳти чунин унвон ҳафтаи гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ -Исфара, Рашт, Кӯлоб, Истаравшан, Ҷ. Румӣ ва Шуғнон баргузор гардид. Сармутахассиси раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ Мустафо Абдуллоев ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Юсуфхоҷа Қурбонхоҷаев дар мавзуъҳои “Банқшагирии рушди маҳаллӣ ва ҳуқуқҳои кӯдак: Таҷрибаи ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъда”, “Мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо” ва “Ҷорӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқҳои кӯдак дар раванди банақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи маҳал: Таҷрибаи ҳамкорӣ ва нақшаҳо” маърӯза намуданд. Инчунин масоили марбут ба таҷрибаи андӯхташуда, сабақҳо ва мушкилиҳои ворид намудани масъалаҳои ҳуқуқҳои кӯдак дар мисоли шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Исфара, Кӯлоб ва Рашт мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаҳои фаъолияти якҷоя дар оянда муҳокима шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






