Баррасии 50 масъала дар Маҷлиси миллӣ

Июль 17, 2014 14:59

Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Беш аз 50 масъалаи фарогири самтҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар ҷараёни иҷлосияи ҳаждаҳуми Палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ, ки 17 июл дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.  Аъзои Маҷлиси миллӣ 10 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор», «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ»-ро матраҳ ва ҷонибдорӣ карданд. Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Худоёрзода Бахтиёр Тавар, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Курбоналӣ, Тағойзода Саймурод Иброҳим, Убайдулло Қурбонов ва Раҳимӣ Фарҳод зимни тавзеҳи масъалаҳои баррасишуда, зикр намуданд, ки қонунҳои мазкур бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва баррасию ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими волоияти қонун, дастгирии соҳибкорӣ, рушди соҳаи бонкдорӣ, муқовимат бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва соири масъалаҳои вобаста ба пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа нақши муассир мегузоранд. Дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон номи баъзе деҳаю деҳоти ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Файзобод тағйир дода шуда, ҳамзамон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Исроилов ризоият дод.

Июль 17, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд