Баррасии масоили амнияти минтақавӣ дар ВКХ
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим ).- 28 июли соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷан Синфен баргузор гардид.Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ Мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷан Синфенро дар сарзамини Тоҷикистон хайру мақдам намуда, барои саҳми шахсиаш дар баргузории чорабиниҳо дар ҳошияи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ изҳори миннатдорӣ кард.Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки сол ба сол мукаммалшавии асосҳои ҳуқуқӣ ва абзорҳои ҳамкории амалии давлатҳои аъзои СҲШ дар самти мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстримизм мушоҳида мешавад. Дар ин ҷода, нақши муҳим ҷиҳати таъмини босамари раванди мазкур ба уҳдаи Сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ вогузор шудааст. Ҳамзамон табодули назар оид ба масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт, аз ҷумла таваҷҷуҳи хосса ба ҳаводиси дар Афғонистон ҷойдошта, зоҳир гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






