Баста шудани «Одноклассники» ба чӣ рабт дорад?

Июль 31, 2014 11:44

Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки баста шудани шабакаи иҷтимоии Ютуб ва Одноклассники дастури онҳо нест. Холмуродова таъкид кард, ин шабакаҳо танҳо бо сабабҳои техникӣ ё фаннӣ дар Тоҷикистон дастнорас шудаанд.Дар мавриди иддаои ширкати интернетии “Mail.Ru group”, ки соҳиби “Одноклассники” мебошад, Холмуродова қайд намуд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дархосташонро қабул карда, бо онҳо телефонӣ суҳбат низ кардаем.Зимни нишаст ҳамчунин зикр карда шуд, ки даромади умумии корхонаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерон мувофиқи ҳисоботҳои пешакӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиард 210 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2013, 1,7% фоиз зиёд аст.Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 830,1 млн. сомониро дар бар мегирад. Хизматрасонии алоқа ба шахсони имтиёздор аз тарафи Опреатори Миллии алоқаи барқӣ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.Гуфта шуд, ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 3,8 млн нафар муштариро дар бар гирифтааст.Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 4,9 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд.Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 78,0 адад дастгоҳи телефонии мобилии фаъол рост меояд.Аз ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 48,1 нафараш истифодабарандаи Интернет мебошад.

Июль 31, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!