Беҳбудиҳои назаррас дар ДМИТ

Июль 18, 2014 15:17

Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Ашӯрбой Солиев оид ба фаъолияти донишкада дар соли таҳсили 2013-2014 маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли таҳсили нав қабули довталабон аз рӯи 8 равия: баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт, менеҷмент, молия ва қарз, ҳуқуқи иқтисодӣ, андоз ва андозбандӣ, хадамоти гумрук ва молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ аз рӯи дараҷаи магистр дар шакли буҷавӣ ва шартномавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар донишкада раванди таълим дар шакли таҳсилоти рӯзона ва ғоибона аз рӯи дараҷаи бакалавр, мутахассис, маълумоти олии дуввум ва магистратура дар шакли буҷавӣ ва шартномавӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.Ашӯрбой Солиев зикр намуд,ки ҳадафи асосии донишкада таъмин намудани бозори меҳнат бо кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои мухталифи молия ва иқтисод мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин соли ҷорӣ донишкада аз аттестатсияи миллӣ оид ба пешбурди раванди таълим ва аз аккредитатсияи миллӣ гузашта, соҳиби иҷозатнома ва шаҳодатнома гардида, дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишкада, гузаштани ихтисосҳои алоҳида аз аккредитатсияи минтақавӣ ва байналмилалӣ корҳо идома ёфта истодаанд.

Июль 18, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад