Беш аз 400 чорабиниҳои таблиғотии ҷавонон дар шаш моҳ

Июль 17, 2014 14:10

Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар шаш моҳи аввали соли равон бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе 428 чорабиниҳои таблтғотию ташвиқотӣ доир гардидааст, ки дар он беш аз 223 ҳазор нафар наврасону ҷавонон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намудаанд.Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров, чунин чорабиниҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 чорабинӣ зиёд буда, фарогири 7386 нафар наврасону ҷавонон зиёд мебошад.

Июль 17, 2014 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш