БМТ: Наздики 6 миллиард сомонӣ пулҳои захиравӣ
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов гуфт, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии молу ашёи асосии содиротӣ, вазъи иқтисодиёти кишвар дар нимсолаи аввали соли 2014 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 17,9 миллиард сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоизро ташкил намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон бо назардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини рушди низоми бонкии кишвар, меъёри бозтамвил аз 5,5 фоиз то 4,8 фоизи солона паст карда шуд. Вале дар моҳи май бинобар зиёд гардидани фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил то 5,9 фоизи солона зиёд карда шуд. Инчунин меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 21,5 фоиз то 18 фоиз тағйир ёфт. «Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ 5 миллиарду 627 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 25,3 фоиз зиёд аст»,- зикр намуд А.Ширинов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






