Бо ёрии дружиначиён 33 ҷиноят ошкор шуд
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).-Дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 дружиначиёни ихтиёрӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар гузаронидани беш аз 65 чорабинӣ, аз ҷумла 14 чорабинии сатҳи сиёсию давлатӣ, 20 маъракаи калони фарҳангӣ ва 10 маъракаи варзишӣ иштирок намудаанд.Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 дар ҷумҳурӣ аз 9 ҳ. 339 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 93,4 фоизи он кушода шуда, теъдоди содиршавии бисёр ҷиноятҳо аз қабили дар ҳолати мастӣ, аз тарафи шахсони пеш ҷиноят содирнамуда, одамкушӣ, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, ба гарав гирифтан, бо истифода аз яроқи оташфишон, гардиши ғайриқонунии яроқ кам гардидааст. Сафи дружинаҳои ихтиёрӣ аз ҳисоби 627 нафар ихтиёриёни нав қабулшуда боз ҳам зиёдтар гардидааст. Ҳар шабонарӯз на кам аз 550-600 нафарӣ дружиначиёни ихтиёрӣ дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба маҳалла, минтақа ва шаҳракҳои истиқоматии худ ба хизмат баромада, тартиботи ҷамъиятиро назорат ва ҳуқуқвайронкунандагони тартиботро ошкор намуда, ба ҷавобгарӣ ҷалб менамоянд.Дар ҳамкории бевоситаи дружиначиёни ихтиёрӣ бо кормандони милитсия дар давраи ҳисоботӣ 33 ҷиноят кушода шуда, як ҷинояткори дар кофтуков қарордошта дастгир ва 2 ҳ. 129 нафар ҳуқуқвайронкунандаи маъмурӣ ошкор шудааст, ки ин аз натиҷаҳои ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.Бояд зикр намуд, ки барои кори хуб ва иштироки фаъолона 75 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ бо ҳар гуна тӯҳфаҳо мукофотонида шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






