Боздиди Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000- солагии Ҳисор таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои ободонӣ ва сохтмону азнавсозии як зумра иншооти муҳими ҷашнӣ шинос шуданд. Ҷараёни шиносоии ҳайати ҳукумати мамлакат аз рафти омодагиҳо дар ҷаласаи васеи Кумитаи тадорукоти таҷлили 3000-солагии Ҳисор натиҷагирӣ шуд.Дар оғози боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш бо фаъолияти корхонаи асфалтбарории «Роҳи тоҷик» шинос шуданд. Фаъолияти корхонаи мазкур бо сарпарастии соҳибкори маҳаллӣ ба роҳ монда шуда дар он беш аз 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Роҳбарияти ин корхона ба истиқболи ашни таърихии Ҳисор мумфаршнамоии 16 километр роҳ дар қаламрави ноҳия, бунёди коргоҳи дузандагӣ, кўдакистон ва маҷмӯи биноҳои истиқоматиро ба нақша гирифтаанд. Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозию таъмирӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ барои 640 хонанда, қасри фарҳанг, китобхона, осорхона ва мамнуъгоҳи тахрихию фарҳангии Ҳисор, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд шинос шуд. Корҳо дар иншооти мазкур мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, аз масъулон танҳо иљрои босифатии корҳо, бо истифода аз рўзҳои мусоид саривақт анҷом додани корҳои сохтмонии берунӣ ва азхуднамоии самараноки маблағҳои барои сохтмон ҷудогардида талаб карда шуд. Корҳои таҳкурсии чойхонаи миллӣ низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта як зумра иншооти дигар аз ҷумла корхонаи хишт, марказҳои савдо, коргоҳи дузандагӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд ва ё омодаи ба фаъолият шуруъ намудан мебошанд. Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими ҷашнии ноҳия нисбат ба корҳои то боздиди қаблии ҳайати Кумитаи тадорукот анҷом дода шуда беҳтар гардида сохтмону барқарорсозӣ ва ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Новобаста ба ин дар маҷмуъ рафти омодагињҳо суръати бештар касб карда бошанд ҳам камбудию норасоиҳои зиёде низ мавҷуданд, ки аз ҷониби аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарону масъулони ҷумҳурӣ ва ноҳия барои бартараф намудани онҳо роҳандозии тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд. Дар ҷаласаи васеи кумитаи тадорукот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бори дигар таъкид бар он дошт, ки дар партави таваҷҷўҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 3000 солагии Ҳисор бояд корҳои аз ин ҳам зиёдтаре анҷом дода шаванд.Барои ин тақвияти корҳои тарғиботи ва фаҳмонидадиҳии аҳамияти тахрихӣ доштани таҷлили ҷашни 3000 солагии хисор зарур шуморида шуд. Барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ва сазовор ба истиқболи ҷашни 3000 солагии Ҳисор Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарияти ноҳия ва ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявию ноҳиявиро вазифадор намуд, ки ҳамаҷониба ба раванди пешбурди корҳои сохтмонӣ дар иншоти соҳаи саноати сабук, энергетика, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва хизматрасонӣ мусоидат намуда ба сифати корҳои анҷомдодашуда, беҳдошти вазъи кўчаю маҳаллаҳои ноҳия, ҷудо намудани қитъаҳои замини барои сохтмон пешбинишуда, таҳкими корҳои ободонию беҳдоштӣ ва равшанинамоии шаҳраку маҳаллаҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Аъзои кумитаи тадорукот ҳамзамон вазифадор гардиданд, ки иҷрои пурраи нақша-чорабиниҳои таҷлили ҷашни 3000 солагии Ҳисорро таъмин намуда, барои дар мўҳлати кўтоҳ таҳия ва тасдиқи нишон ва рамзи ҷашн, инчунин ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор чораҳои зарурӣ андашанд.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






