Боздиди ҷавонони Хатлон аз мавзеъҳои таърихӣ
Душанбе, 18.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар моҳи июли соли равон 17 саёҳати наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихии вилоят анҷом дода шудааст.Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров, наврасону ҷавонони хатлонӣ ҳангоми боздид аз ҷойҳои таърихии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Чилучор чашма, мавзеъи таърихии Ҳулбук ва ғайра баҳраи хуб бардошта, бори дигар аз маданияти қадимаи гузаштагони хеш ва аз бозёфтҳои таърихии миллати куҳанбунёди худ аз наздик ошно шуданд. Гуфта мешавад, иқдоми мазкур дар ниҳоди онҳо ҳисси ватандустӣ ва эҳтиром бо арзишҳои миллиро боло бардоштааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






