Боздиди донишҷӯёни ДДХ аз обанбори Норак
Душанбе, 07.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 17 нафар донишҷӯи курси 3-юми ихтисосҳои география, география-демография, георафияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи Бобоҷон Ғафуров барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимии байни минтақавии табиию иқтисодӣ ба минтақаҳои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Душанбе, Ваҳдат, Норак сафарбар карда шудаанд.Тавре ки декани факултаи география-экологияи донишгоҳ Муъминҷон Аминов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, донишҷӯён дар ин шаҳру навоҳӣ тағирёбии ҳарорати ҳаво, фишори ҳаво ва тағирёбии он, намии ҳаво, миқдори боришот, самт ва суръати шамол, ҳарорати хок, мавҷудияти маҳалҳои аҳолинишинро мушоҳида намуда, бо роҳҳои муҳими алоқа, шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар давраи муосир, ҳолати заминҳои кишт, сарватҳои табиӣ ва истифодабарии онҳо, сохти геологӣ, иқлим, пӯшиши хоку растанӣ, обҳои дохилӣ ва ғайраҳо аз наздик шинос мешаванд. Ҳамзамон ба Боғи ботаникии шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, муассисаҳои саноатӣ, ағбаҳои Шаҳристон, Истиқлол, Чормағзак, шаҳри Норак боздид ба амал меоранд. Донишҷӯён аз обанбори Норак дидан намуда, тавсиф ва аҳамияти иқтисодии онро меомӯзанд.Ин манбаъ афзуд, ки 10 сол муқаддам чунин анъана буд, ки донишҷӯён имкони таҷрибаомӯзӣ ва боздид аз ҷойҳои таърихии манотиқи гуногуни кишварро доштанд. Ва ин анъана соли ҷорӣ бо дастгирии Раёсати донишгоҳ эҳё гардида, аз нав ба роҳ монда шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






