Боздиди мактаббачагони ВМКБ аз пойтахт
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон дар айёми таътили тобистона барои беш аз 200 нафар мактаббачагони ВМКБ лагерҳои таълимию фароғатӣ ташкил кардааст, ки дар ҷараёни истироҳат онҳо ҳамчунин аз ҷойҳои таърихии Душанбе дидан хоҳанд кард. Дар ин робита гурӯҳи навбатии 30 нафараи мактаббачагони ВМКБ, ки дар лагири Чайка”-и Вазоб истироҳат доштанд, аз Осорнхона ва Китобхонаи миллӣ ва ҳамзамон аз Маркази Исмоилияи пойтахт дидан намуданд,ки ин иқдом дар мафкураи онҳо ҳисси ватандустӣ ва арзишҳои миллиро боло мебардорад.Тавре дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, мактаббачагони ВМКБ ба ноҳияҳои Варзоб ва Шаҳринав оварда шуда, дар лагерҳои фароғатии “Чайка”, “Обшорон”, “Орбита” ва “Қаратоғ” ба фароғат ҷалб карда шудаанд, ки то ин замон ду гурӯҳи мактаббачоагон аз ҷойҳои таърихии пойтахт дидан намудаанд. Ёдрас мешавем, ки чунин иқдом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамасола барои мактаббачагони шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил карда мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






