Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз ротаи зарбазани ДТММ
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода)-Дирӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ротаи зарбазани Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз шароити хизматӣ, маишию иҷтимоии хизматчиёни ин ниҳод дидан намуд. Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар назди ҳайати шахсии ротаи зарбазани Дастаи таъиноти махсуси милитсия суханронӣ намуда, афсарону хизматчиёни ротаро ба далерию шуҷоат ва мардонагию матонат ҳидоят намуд. Зикр шуд, ки дар партави сиёсати бунёдкорию созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шароити хизматию маишии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. «Ҷавобан ба ин ғамхориҳо хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсусро зарур аст, ки мунтазам малакаю маҳорати касбӣ, тайёрии ҷангию ҳарбии худро сайқал дода, содиқона ва софдилона ба Ватани азизи худ хизмат кунанд», — зикр менамояд манбаъ.Дар ҷараёни боздид Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ошхона, ҳаммом, ҷойи хоб (казарма) ва дигар шароити хизматию маишии афсарону хизматчиёни рота аз наздик шинос гардида, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани иншооти рота ва атрофи он ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






