Боздошти ғоратгари мағоза дар Қӯрғонтеппа
Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Ба Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа сокини 49-солаи маҳаллӣ Ҳарамгул Одилова муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми июли соли ҷорӣ шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди мағозаи тиҷоратиаш шуда, аз дохили он 3 ҳазору 220 доллари амрикоӣ, 4 ҳ.900 рубли русӣ ва 3 ҳ. 400 сомонӣ маблағи пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 28-солаи ноҳияи Қубодиён Зулхумор Тошматова, бо гумони даст доштан дар дуздии мазкур дастгир гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






