Боздошти қочоқчӣ ҳангоми убури сарҳад
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ шаҳрванд Азизов Мунаввар, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод боздошт гардид. Бино бар чусту чолокии кормандони Хадамоти гумрук ҳангоми муоинаи боғоҷи номбурда дар қабатҳои ҷуздони чармӣ маводи сахттаъсири навъи героин ёфт шуд. Азизов мехост 2 килову 270 грам героинро ҳамчун қочоқ тариқи сарҳад интиқол диҳад.Айни ҳол нисбат ба ин ҷиноят бо дастрасии моддаҳои 200 ва 289 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






