Бозгашти Соҳиб ба дастаи «Истиқлол»
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар» Ситораи Боймурод).- Соҳиб Сувонқулов ҳимоятгари 26-солаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон эҳтимол фаъолияти футболбозиашро дар дастаи «Истиқлол»-и пойтахт идома диҳад. Тавре дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, Сувонқулов қаблан дар дастаи номбурда ҳунарнамоӣ карда, ду дафъа соҳиби медали тиллои Чемпионати Тоҷикистон гардидааст. Соли гузашта ӯ ба дастаи «Реван»-и Озарбойҷон гузашт ва дар нимсоли охир бо сабаби беморӣ натавонист, ки ба футбол машғул шавад. Ҳоло бошад ӯ дар дастаи «Истиқлол» барои марҳилаи дуюми чемпионат омодагӣ мебинад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






