Бунёди боғҳои мевадиҳанда аз ҷониби АИК ҶТ
Душанбе, 16.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо иштироки бевосита ва ёрии амалию методии олимони институти боғпарварию сабзавоткорӣ дар шабакаи таҷрибавии зироатҳои субтропикии ноҳияи Ҷ. Румӣ, хоҷагии таҷрибавии “Сунбула”-и н. Ҳисор ва филиали институт дар вилояти Суғд дар майдони 3 гектар боғи коллексионии навъҳои нодири дарахтони мевадиҳанда ва ток бунёд карда шуд.Тавре ки дар ин бора Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, кормандони Институти мазкур дар қитъаҳои наздиҳавлигии деҳаи “Қади Об”-и ноҳияи Роғун дар майдони 2 гектар ва дар деҳаи “Бӯстон”-и ноҳияи Файзобод дар майдони 2 гектар ниҳол, ки бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Сербия ворид карда шудаанд, боғи интенсивӣ (сермаҳсул) бунёд намуданд.Инчунин аз ҳисоби ниҳолҳои аз давлати Сербия воридгардида, дар заминҳои шабакаи таҷрибавии Файзобод дар майдони 5 гектар боғи себ ва дар майдони беш аз 1 гектар боғи олу бунёд карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






